Предыдущая публикация
Сар аз фармони Ҳақ печидагонем,
Ба маъни пайрави гову харонем.
Аҷаб бар аҳди хеш қоим дар ин ҷой,
Мисоли пашша болои замонем.
Ҷарас дар гардани мо карда шайтон,
Ба он хат,ки кашидаст бас равонем.
Ҳама бо болу пар ҷое расиданд,
Вале мо ҷамъи бе болу паронем.
Аҷаб як фасли хуррамро надида,
Хазон гашта дар ин дайри хазонем,
Зи марди нест моро нуқтае ҳам,
Хиёнат карда дар қавлу забонем.
Нафасҳо мисли боде мераванду,
Вале афсӯс,ки мо чашми таронем.
Бале Иқбол ту низ дар ин миёни,
Гунаҳро карда тоҷе бар саронем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев