Предыдущая публикация
Ғарибонро накӯ доред,ки дар сина алам
доранд,
Натанҳо ғам,ки ҳамроҳи ғаме сад ашки ғам доранд,
Зану фарзанд шабу рӯзе ба чашми чор
истода,
Ғарибон аз табассумҳои ҳаққони,ки кам
доранд.
Барои бурдаи ноне машаққатҳову
душвори,
Ба пеши марду номардон сари худро,ки хам доранд.
Касе аз рӯи мастиҳо нашуд озим ба
дуриҳо,
Вале ин ноилоҷон ноилоҷии ғарам
доранд.
Макун коре,ки қалби бе қарорашро
биёзори,
Ки эшон пораи оташ ба сина дам ба дам
доранд.
Мани Иқбол,ки умри хеш ба ғурбатхона
бахшидам,
Чи хуб медонам аз ҳоли ғарибоне,ки рам
доранд.
( Муҳаммадиқболи Раштӣ )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев