Ҷавоне қисса кард аҳволи решаш,
Аз он зан,ки чу сӯзан гашта нешаш.
Ба ман мегуфту чашмам косаи об,
Шабу рузаш пур аз андӯҳу бе хоб.
Бигуфтам эй ҷавон бар ман қалам кун,
Биё поёни ин ранҷу алам кун.
Бигуфто чун занам рахти сафар кард,
Ҳаёти духтарамро дар ба дар кард.
Чу бар хона зани нав оваридам,
Ба фарзандам раҳи ғам офаридам.
Чу ман берун зи хона банди корам,
Гумонам,ки ҳалим бошад нигорам.
Ба ӯ гуфтам,ки модар шав ба хона,
Макун рафтору кори ҷоҳилона.
Ба фарзандам чу модар модарӣ кун,
Мисоли модараш болу пари кун.
Ба ман аҳди вафо карду ҷафо кард,
Басо зулму ситамҳоро хафо кард.
Чу аз кор омадам дар рӯи хонам,
Бидидам як зани бе хонумонам,
Ки дашному ҳақорат дар забонаш,
Чу сӯзан тезии неши лабонаш
Бигуфтам ки магар ақлат тамом аст,
Чи месози ба ин тифле,ки хом аст.
Бигуфто духтарат бор аст ба душам,
Садояш мехарошад ҳарду гӯшам.
Бигир онро ҳаминак пушти дар кун,
Ва ё манро фаромӯше зи сар кун.
Шикастам макри занро бо шуҷоъат,
Раҳо гаштам аз он аҳли ҳамоқат.
Бале ҷонам чунин зан кам набошад,
Намак бар захмату малҳам напошад.
Аё хоҳар зи Иқбол як насиҳат,
Ятимонро накӯ дор вақти хидмат.
Агар хоҳи ризои шавҳари хеш,
Ба пеши пои тифлонаш машав неш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев