Предыдущая публикация
Дар ин дунё намебинам чизе беҳтар зи ороми,
Худовандо ба мо ҳаргиз наёвар ҷангу нороми.
Бале нодон чи медонад чароғи амну сулҳеро,
Ки нороми ба бор орад ҳазорон боби нокоми.
Агар чи кам намебинам зи ношукрон ҷаҳон сер аст,
Чунин як ҳолу аҳволе бувад маҳсули аз хоми.
Миёни шаккару заҳре намедонанд,ки фарқе ҳаст,
Амон аз ин ҳама бе ақлию бе дарку афҳоми.
Агар кур аст замири ту надорад фарқ,ки инсони,
Гумонам,ки намегӯям ман аз дунёи ибҳоми.
Мани Иқбол гиреҳ аз ҷаҳл мехоҳам ки бикшоям,
Ки то пиру ҷавони мо нагирад дарси бадноми.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев