Ба наздикат бисўзонад, магар к-аз дур биншини.
Уқобон медарад чанголи бози оҳанинпанҷа,
Туро боз ҳамин бошад, ки чун усфур биншини.
Набояд, гар бисўзандат, ки фарёд аз ту бархезад,
Агар хоҳи, ки чун парвона пеши нур биншини.
Гарат бо мо хуш афтодаст, чун мо лоуболи шав,
На ёрон маст бархезанду ту мастур биншини.
Мае хўр, к-аз сари дунё тавони хостан якдил,
На он соат, ки ҳушёрат кунад, махмур биншини.
Таманнои шикам рўзе кунад яғмои мўронат,
Агар ҳар ҷо ки ширинист, чун занбўр биншини.
Ба сурат з-он гирифтори, ки дар маъни намебини,
Фаромўшат шавад ин дев, агар бо ҳур биншини.
Напиндорам, ки бо ёрат висол аз даст бархезад,
Магар, к-аз ҷар чи ҳаст андар ҷаҳон, маҳҷур биншини.
Миёни хобу бедори тавони фарк кард онгаҳ,
Ки чун Саъди ба танҳои шаби дай ҷур биншинй.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев