Шайтон омад ва гуфт: Эй Исо! Магар ту зоҳид нестӣ? Фармуд: Чаро. Шайтон гуфт: Агар зоҳиди пас чаро дил ба дунё бастаӣ? Фармуд: Дил ба чи бастаам? Гуфт: Ба ин хиште, ки зери сар гузоштаӣ. Он ҳазрат хиштро аз зери сар бардошт ва дур андохт ва бори дигар хобид.
Шайх Аттор ин достонро ҳам ба шеър оварда аст:
Исии Марям ба хоб афтода буд
Ним хиште зери сар бинҳода буд
Чун гушод аз хоби худ Исо назар
Дид Иблиси лаъинро бар забар
Гуфт: Эй малъун! Чаро истодаӣ
Гуфт: Хиштам зери сар бинҳодаӣ
Ҷумла дунё чу ақтоъи ман аст
Ҳаст он хишт аз они ману ин равшан аст
То тасарруф мекуни дар мулки ман
Хешро овардаи дар мулки ман
Исо он аз зери сар партоб кард
Рӯйро бар хоку азми хоб кард
Чун фиканд он ним хишт, Иблис гуфт:
Ман кунун рафтам ту акнун хуш бихуфт
Чун ба сар хишти лаҳад хоҳи ниҳод
Хишт бар хиште чаро бояд ниҳод
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев