- сураи Аҳзоб ояти 16
پیام قرآن - نفع شما در جهاد و پایداری است - سوره احزاب آیه 16
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Худои Мутаол дар ояти 16 сураи Аҳзоб мефармояд:
قُلْ لَنْ يَنْفَعَكُمُ الْفِرَارُ إِنْ فَرَرْتُمْ مِنَ الْمَوْتِ أَوِ الْقَتْلِ وَ إِذًا لَا تُمَتَّعُونَ إِلَّا قَلِيلًا ﴿١٦﴾
(Эй Паёмбар) Бигӯ: Агар аз марг ё кушта шудан бигурезед, ҳаргиз (гурехтан) ба шумо суд намерасонад ва дар ин сурат ҷуз андаке бархурдор нахоҳед шуд.
Паёмҳое, ки аз ин оят меомӯзем:
1. Паёмбар аз тарафи Худо сухан мегӯяд ва амр ва паёми ӯро ба шумо мерасонад ва аввал ва бештару беҳтар аз ҳама худаш ба он пойбанд аст.
2. Гуфтан ба хусус аз тарафи раҳбар муҳим аст то ҳам гӯянда ва ҳам аксуламали шунавандагон шинохта ва ҳуҷҷат тамом шавад. Пас ба гуфтаҳо ва амал ба он ё тарки он диққат кунем.
3. Нафъу зарари худро аз китоби Худо ва забони Расули Худо (с) бигирем. Ҷиҳод ва пойдорӣ дар ҷабҳа ба нафъи муъмин ва гурехтан аз ҷабҳа нишонаи нифоқ ва бемордилӣ ва зарар аст. Дар дуо мехонем, ки Худоё, як чашм ба ҳам задан маро ба худам вогузор макун, (чун бадбахт мешавам)!
4. Муъмин ҳаргиз ба фикри гурехтан аз анҷоми вазифа ба хусус дар майдони ҷанг ва ҷиҳод нест.
5. Гурехтан аз амал ба вазифаи имонӣ ба хусус дар ҳангоми ҷанг ва ниёзи ҷабҳа ба муҷоҳид аз тарси мурдан ё кушта шудан аслан ба суди инсон нест.
6. Ба хотири бархурдор шудани кам он ҳам чанд рӯз дар дунёи зудгузар худро аз саодати абадӣ маҳрум накунем, чун марг қонуни умумӣ ва доимии Худо барои инсонҳо аст ва ҳеҷ кас наметавонад аз он бигурезад.
7. Худованд роҳро аз чоҳ маълум кардааст ва ба мо ҳақи интихоб додааст. Шумо метавонед аз ҷабҳа бигурезед, вале ба суди шумо нест. Бо тавфиқи Худо нафъи ҳақиқӣ ва пойдору бешумор ва саранҷоми некро интихоб кунем.
8. Андеша ва амали худ ва дигаронро бо омӯзаҳои Қуръони Карим арзёбӣ кунем.
9. Охирбин бошем на охурбин!
Худоё, моро олим ва омил ба вазифаи имонӣ ва бархурдор аз баракатҳои он дар дунё ва охират гардон!
С. Муҳаммадамин
4/11/2024
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев