🔸 Матни пурсиш:
Ҳукми намози ҷумъа дар замони ғайбати имом чист ва кайфияти он чигуна аст?
🔸 Матни посух:
Намози ҷумъа фаризаи муҳим аз фароъизи Исломи аст ки Худованд дар китоби худ ба он амр карда ва фармудааст: ﴾يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَى ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ۚ ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ﴿[п/1]; «Эй касоне ки имон овардед! Ҳаргоҳ барои намоз дар рӯзи ҷумъа нидо дода шуд, ба сӯӣ зикри Худованд бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед, он бароятон беҳтар аст агар бидонед» Ва он бино бар ривоёти мутавотири Исломӣ, муштамл бар ду хутба ва ду ракат аст ва хусусияти он ки зоҳиран муҷиби суфориш ба он дар китоби Худованд шуда, вуҷуди ду хутба барои он аст ва аз ин рӯ, намози ҷумъа бидуни ду хутба ва табъан бидуни касе ки ду хутбаро бихонад, мунъақид намешавад ва ин ду хутба бояд пеш аз намоз ва дар ҳолати истода бошад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1810/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев