ташаккули он
Аз ҳамон рӯзе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёр гардид, зарурияти қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ва қонунӣ гардонидани дастовардҳои истиқлолият ба миён омад. Зеро қонунҳои дигари мамлакат бояд дар асоси он омода ва қабул карда мешуд.
Таърихи пайдоиш ва рушди давлатдории халқи тоҷик дар давраи Шуравӣ ва ба расмият даромадани ҳуқуқи конститутсионии он аз таърихи Иттиҳоди Ҷамоҳирии Шуравии Сотсиалистӣ ҷудонопазир аст. Дар шаҳру ноҳияҳои ҳозира вилояти Хатлон ва нохияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузариш ба низоми ҳуқуқии инқилобии Шуравии Сотсиалистӣ баъди паҳн кардани ҳокимияти Шуравӣ дар минтақаи мазкур имконпазир гардид.Лекин барои амалӣ намудани ин иқдом Ҳокимияти Шуравӣ аввал аморати Бухороро сарнагун карда, низоми мақомоти давлатии онро дар марказ ва маҳалҳо бекор намуд. Ин иқдом дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза нисбат ба дигар минтақаҳои Осиёи Миёна дер поид.Зеро ки неруҳои муқобилиятнишондиҳӣ аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба ин ҷо ҷамъ гардида, ба таври муташаккилона ба аскарони сурх муҳориба карданд. Ба ин муносибат чандин соли аввали Ҳокимияти Шуравӣ дар ин минтақа ба ном вуҷуд дошт.Дар асл идоракунии ҳарбӣ дар ин ҷо тавассути Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ (ЧДК) ва Кумитаи инқилобӣ ( ревкомҳо) ба роҳ монда шуда буд. Тартибу интизом бо амру фармони сарварони ҳарбӣ таъмин карда мешуд. Вобаста ба ин омилҳо, реҷаи қонунияти инқилобӣ бо мазмуни хоси он дар ин ҷо то дер ҳукмрон ва гузариш ба қонунияти сотсиалистӣ кашол ёфта буд.
Раванди гузаштан ба низоми ҳуқуқии шуравии сотсиалистӣ дар Тоҷикистон баъди пурра торумор кардани муқобилияти неруҳои мухолиф ва ба итоат даровардани мардум, барқарор кардани дастгоҳи давлатии куҳна ва низоми шариат имконпазир гардид. Аз самти ташкилӣ- ҳуқуқӣ ин раванд ба даъвати Анҷумани якуми таъсискунандаи Шуроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 1926 ва аз тарафи он ташкил кардани мақомоти олии доимоамалкунандаи ҳокимияти намояндагии давлатӣ- Кумитаи Иҷрои Марказии Шуроҳо ва Раёсати он ва ҳокимияти марказии идоракунии давлатӣ- Шурои Комиссарони Халқ ва комиссариатҳои халқӣ ба анҷом расонида шуд. Минбаъд онҳо вазифаи идоракунии ҷумҳуриро ба уҳда гирифта ва дар маҳалҳо ташкил кардани мақомоти маҳаллии ҳокимияти шуравӣ роҳбарӣ карданд.Дар маҳалҳо гузариш ба низоми нави мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ- Шуроҳои вакилони коргарон, деҳқонон ва аскарон то охири солҳои 1920-уми асри XX идома ёфт. Тибқи ин омил оғози ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва сатҳи олии он низоми қонунгузорӣ ба ҳамин давра рост омада, дар заминаи он минбаъд иқдоми таҳия ва қабули конститутсияи аввалини Тоҷикистон пеш гирифта шуд. Ин омил ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба фазои ҳуқуқии Давлати иттифоқии шуравии сотсиалистӣ ифода мекард.
Тоҷикистон соли 1924 ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистӣ дар ҳайати ҶШС Узбекистон ташкил ёфта, то соли 1929 тавассути он ба ИҶШС дохил буд. Бинобар ин, ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ- конститутсионии он ба рушди конститутсионии ҷумҳурии мазкур вобаста гардид. Фақат баъди қабули Конститутсияи ҶШС Ӯзбекистон соли 1927 дар мувофиқа бо он ва Конститутсияи ИҶШС соли 1924 Конститутсияи аввалини ҶМШС Тоҷикистон таҳия ва қабул карда шуд. Аммо мувофиқи тартиби ҳуқуқӣ- конститутсионии он вақт муайян кардашуда, ба амал даромадани конститутсияи ҷумҳурии мухторӣ фақат баъди аз тарафи мақомоти олии ҷумҳурии иттифоқии дахлдор тасдиқ гардидани он сурат мегирифт. Вале ин раванд ҳанӯз оғоз наёфта, вазъияти ҳуқуқӣ – сиёсӣ ва маъмурии Тоҷикистон соли 1929 куллан тағийр ёфт ва масъалаи ба тасдиқи мақомоти олии Узбекистон пешниҳод кардани Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон аз байн рафт.
Омилҳои чунин сурат гирифтани вазъи Тоҷикистон гуногун буданд. Пеш аз ҳама, дар Анҷумани дуюми Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон қонеъ гардонидани муроҷиати меҳнаткашони округи Хуҷанд барои ҳамроҳ шудан ба Тоҷикистон ва аз тарафи мақомоти оллии Ӯзбекистон ва ИҶШС маъқул дониста шудани он, вобаста ба ин омил куллан тағийр ёфтани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҷумҳурӣ, афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ ва васеъ шудани қаламрави он ба ҳалли ин масъала мусоидат карданд. Ҳамчунин рушди руҳияи худшиносии миллии мардуми тоҷик ва хусусан, чанде аз роҳбарони вафодори халқу миллат, ки ноил гаштан ба вазъи ҷумҳурии соҳибихтиёри иттифоқӣ дар ҳайати ИҶШС –ро ҳадафи худ қарор дода, дар ин раванд ҷумҳуриро намояндагӣ карданд, дар ҳалли ин масъала нақши муҳим бозидаанд. Вазъи нави сиёсии ҳуқуқии Тоҷикистон дар Конститутсияи соли 1931 расмияти ҳуқуқӣ- конститутсионӣ пайдо кард.
Пайдоиш ва рушди конститутсионии ҷумҳуриҳои шуравии сотсиалистӣ дар маҷрои ягонаи фазои ҳуқуқии ИҶШС амалӣ карда мешуд. Бинобар ин, ҳар гуна тағироти ҷиддӣ дар таҷрибаи конститутсионӣ ва азнавсозии қонунҳо, ки аз тарафи мақомоти олии иттифоқӣ пеш гирифта мешуд, дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ низ идома меёфт. Аз ин рӯ, тағироту иловаҳое, ки соли 1935 ба Конститутсияи ИҶШС соли 1924 ворид карда шуданд, боиси тағийроти ҷиддии Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931 ва дар таҳрири нав соли 1935 тасдиқ кардани он гардиданд.
Бояд қайд кард, ки қабули конститутсияҳои аввалини Тоҷикистон барои муқаррар кардани шакл ва низоми нави давлатдории шуравии ҷумҳурӣ, таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва тартиби ташкил, интихоб ва муайян кардани шакли фаъолияти онҳо аҳаммияти калон доштанд. Аммо бо сабаби дар як давраи кӯтоҳ босавод гаштани аҳолӣ, ки ба таври маъмурӣ ва дар заминаи бо фармони Ҳокимияти Шуравӣ бекор кардани ҳуруфоти арабиасоси форсӣ, ки намояндагони халқи тоҷик дар заминаи он шоҳасарҳои назму насри ҷаҳонӣ офарида, ба кашфиётҳои нодири илмӣ ноил гашта буданд, сурат гирифта, шиносоӣ ва омӯзиши матни конститутсияҳои шуравиро, хусусан, бо забони тоҷикӣ, ба мардум дастнорас гардонид. Дар натиҷа на фақат омӯзиши кор ва натиҷаи он, на фақат омӯзиши конститутсияҳо, балки умуман, маҳви бесаводии умумиро бартараф намудан ва ба аҳолӣ маълумоти ибтидоӣ додан зарур буд. Бинобар ҳамин дар як вақт ҳам масъалаи маҳви бесаводӣ ва ҳам вазифаи ба мардум шинос кардани мазмуни сиёсати давлатӣ, мазмуни конститутсияҳо ва қонунҳо зарур гардида буд.
Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ ва сарварони он дар мобайни солҳои сиюми-уми асри XX бо мақсади азнавсозии конститутсионии мамлакат ба хулоса омаданд, ки давраи гузариш аз сохти куҳна ба сохти нави сотсиалистӣ ба анҷом расид ва ҷамъияти сотсиалистӣ барпо ёфт, рушди он минбаъд бояд, дар заминаи комёбиҳои худи он сурат гирад. Ин хулоса дар Конститутсияи соли 1936 инъикос ёфт. Мувофиқи он Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1937 қабул гардид. Дар асоси конститутсияхои мазкур қонунгузории ИҶШС ташаккул ёфта, дар заминаи онҳо қонунгузории ҷумҳуриҳои иттифоқи ба зернизоми қонунгузории шӯравӣ табдил ёфтанд.
Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1937 конститутсияи “ дарозумри “ ҷумҳурӣ гардид. Он зиёда аз 41 сол амал кард ва дар ин давра низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон дар вобастагӣ бо низоми қонунгузории иттифоқӣ мукаммал ва устувор гашт. Гарчанде ки Конститутсияи мазкур ба монанди конститутсияҳои дигари шӯравӣ бештар ҳуҷҷати сиёсӣ буд ва дар мувофиқа бо барномаҳои ҳизби коммунист таҳия мегаштанд, бо вуҷуди ин, дар зери таъсири он халқи ҷумҳурӣ як давраи пурҷӯшу хурӯшро аз сар гузарониданд.
Конститутсияҳои охирини давраи шӯравии сотсиалистӣ, ки солҳои 1977 -1978 қабул карда шуданд, мувофиқи таҳрири нави барномаи ҲКИШ таҳия шуда буданд. Бинобар ин, дар онҳо сиёсат нисбат ба ҳуқуқ мавқеи бештар доштанд. Хусусан, қисми сарнавишти онҳо ба як навъ тафсири сиёсии қарордодҳои ҳизбӣ дар хусуси тақдири ҷомеа ва давлат табдил ёфта буданд. Гарчанде ки конститутсияҳои мазкур дар муҳити руҳбаландӣ ва ботантана қабул карда шуданд, аммо онҳо пеши роҳи аз қонуният дуршавии сохтори сиёсии ҷомеаи сотсиалистиро гирифта натавонистанд. Бинобар ин, дар марҳилаи охири мавҷудияти конститутсияҳои шуравӣ мувофиқати онҳо ба тарзи ҳаёти воқеии мамлакат ночиз гардида буд. Маҳз бо ҳамин сабаб онҳо ба конститутсияҳои қалбакӣ табдил ёфта буданд.
Таҳқиқи таърихи қонунгузорӣ ва сатҳи олии он конститутсия дар ҳар як мамлакат аҳаммияти калони сиёсӣ, илмӣ ва амалӣ дорад. Омӯхтани он хусусан, баъди ноил гаштани Тоҷикистон ба соҳибихтиёрии давлатӣ ва қабули Конститутсияи соли 1994 хеле муҳим гардид. Зеро ки он аз як тараф идомаи раванди пайдоиш ва рушди конститутсияҳои дар таърихи Тоҷикистон қаблан қабулшуда мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 аз конститутсияҳои қаблии ҷумҳурӣ моҳиятан фарқ дорад. Аммо барои муайян кардани мазмун ва моҳияти аксари меъёрҳои амалкардаистода, донистани қонуниятҳои рушди падидаҳои муҳим ҳуқуқи конститутсионӣ аз давраи пайдоиши онҳо то давраи муосир муҳим аст.
Маҳмудова М.,
муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети падагогика
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев