Ҳадафи асосии барномаҳои иттилоотӣ ин дурусту дақиқ ва бехато расонидани тағироту таҳаввулоти ҷомеа ва кӯмак дар вазъияти бӯҳронӣ ба аудитория мебошад. Вале иҷроиши ин функсияҳо дар фаъолияти ҳеҷ яке аз барномаҳои фазои маљозӣ қариб, ки ба мушоҳида намерасад. Хусусан, дар барномаҳое, ки барандагонашон дар хориҷ қарор доранд дар пайи коштани тухми нифоқ ва кинатӯзию думансозӣ гашта истодаанд. Масъулони барномаи “Минбари муҳоҷир”, ки фарсахҳо дур аз ахлоқу маънавиёт мебошанд, бо дурӯғу фиребҳои сариҳамкардаашон миёни ҷомеа “фазои бӯҳронӣ”-ро паҳн кардан мехоҳанд.
Бо ҳиссиёту ҳаяҷон пеш бурдани барнома нафарони зудбовару ноогоҳро ба тарафи худ зуд ҷалб мекунад. Вале агар аз ақли худ кор гирем, маълум мегардад, ки барномаҳои эшон пур аз дурӯғу тӯҳмат ва таҳқир чизи дигареро инъикос намекунанд. Он на маркази иттилоотӣ, балки ҳамчун саҳифаи изҳори кинаю адоват ва даъвати мардум ба бетартибию бадкирдорӣ мебошад. Пайваста зери танқид гирифтан ва баду вахим арзёбӣ кардани вазъи дохилии кишвар далели он аст, ки нооромӣ дар кишвар ба манфиати чӣ касоне буда метавонад. Аввал ба манфиати сармоягузорони чунин барномаҳо ва баъдан барои ровиёни он. Метавон гуфт, ки ин барномаи тарҳрезишедаест, ки ҳадафҳои чандин гурӯҳу ташкилотҳо зери он нуҳуфтааст. Агар барнома аз худ натиҷае нишон диҳад, чандин доираҳо ба мақсадҳои худ хоҳанд расид. Гарчанде, ки ровиёни барнома даст ба кундаи сина мезанаду аз Ватану ватандорӣ ҳарф мезананд, риёкорие беш нест. Худ, ки барои ин миллату давлат коре накардаанд, боз мехоҳанд меҳнати дигаронро ба боди фано кашидан мехоҳанд.
Аслан номи барномаҳо бояд ба мақсад мувофиқ гузошта мешаванд, вале “Минбари муҳоҷир” номгузорӣ шудани он мувофиқи мақсад нест. Бинобар ин, пешниҳоди мо ин аст, ки номи барнома ба “Садои хољагон” иваз карда шавад. Зеро, асоси фаъолияти онро манфиати хоҷа ташкил медиҳад. Ё худ ҳеҷ тағйире лозим нест. Шояд чунин номгузорӣ шудани барнома барои он аст, ки дар он муҳоҷирон ҳамчун силоҳ истифода мешавад. Ин ном ҳам дуруст аст. Чунки он на мувофиқи мақсад, балки ба номи силоҳе, ки барои расидан ба он истифода мешавад, мувофиқат мекунад.
Эшонҷонова Ф,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев