Имрӯз миллати тоҷик бузургтарин ҷашни худ – Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба он даст ёфтааст. Аслан, Истиқлолият аз муҳимтарин арзишҳои умумибашарӣ буда, дарки дурусти он дар зинаи баланди маънавӣ ва худшиносии инсон ба амал меояд. Аммо инсон бояд пеш аз ҳама истиқлоли зеҳнӣ дошта бошад. Зеро маҳз истиқлоли зеҳнӣ заминаи истиқлоли сиёсию миллӣ буда, миллат, пеш аз ҳама, бо сатҳу сифати истиқлоли зеҳнӣ миёни қавмияту миллиятҳои дигари олам соҳиби эътибору эҳтирому мақом мегардад ва эътироф карда мешавад. Истиқлоли зеҳнӣ истиқлоли андеша ва тафаккур аст ва он ба се категорияи фикрию ахлоқӣ – огоҳӣ, озодӣ ва масъулиятмандӣ вобастагӣ дорад. Инсоне, ки огоҳ несту донишу маърифат надорад ва аз хирад бебаҳра аст, мисли мурда мебошад. Яъне бе истиқлоли зеҳнӣ истиқлоли давлатию миллӣ пойдор намемонад.
Дар тули таърих инсонҳо, қавму миллатҳо ва давлатҳо ҳамеша кушиш кардаанд, ки ба озодиву истиқлол даст ёбанд ва сарнавишташонро худашон муайян карда тавонанд. Озодии фард, қавму миллат танҳо дар сурати доштани давлати соҳибистиқлол таъмин мегардад. Ба халқи тоҷик, ки садсолаҳо азоби бедавлатиро кашида буд, дар асри бистум муяссар гардид, то дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳурии худро бо номи Тоҷикистон дошта бошад ва дар заминаи он тадриҷан ба Истиқлолу озодии комил даст ёбад. Эълони Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба 9-уми сентябри соли 1991 рост омад, ки ин сана ҳар сол ҳамчун бузургтарин ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.
Расидан ба Истиқлоли давлатӣ оғози марҳилаи сифатан наве барои миллати тоҷик буда, иҷрои масъулият ва вазифаҳои ниҳоят бузургро аз мо тақозо мекард. Аз ҷумла, ҳифзи Истиқлолу якпорчагии кишвар, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати нави миллӣ, таъмини рушди устувор корҳои азиме буданд, ки бояд тадриҷан анҷом дода мешуданд.
Аммо дар аввалин соли истиқлолият дар натиҷаи фаъолияти неруҳои бадхоҳу душман дар Тоҷикистон оташи ҷанги дохилӣ аланга дода шуд, ки оқибати он зиёда аз 150 кушта ва зарари азими иқтисодӣ буд. Он замон давлат ва миллати мо дар ҳоли фаношавӣ қарор доштанд.
Хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 зимни баргузории иҷлосияи 16-уми ШО ҶТ беҳтарин фарзанди халқи тоҷик – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардида, дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаи ӯ тадриҷан сулҳу оромию субот барқарор шуда, Тоҷикистон ба сифати кишвари комилан мустақил ворид ба масири рушди устувор гардид.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хосаи худро дошта, аъзои СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавист.
Таҳти сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар тамоми самтҳо ба тараққию пешрафт ноил мегардад. Бунёд гардидани иншооти муҳимми саноатию энергетикӣ, нақлиётӣ, мунтазам сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, тандурустӣ, варзишӣ ва ғ. далели ин гуфтаҳост.
Ҳоло, ки мо 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирем, бояд дар раҳи ҳифзи ин озодӣ, оромию якпорчагии Тоҷикистон ва таъмини пешрафти он бо садоқату самимият ва устуворона хизмат кунем.
Парвиз Собиров
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев