Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ва рақобати сиёсатхо халқияту миллатҳои ҷудогона баҳри нигоҳдории мавҷудияти худ зери як ливо ва як сарвар сарҷамъу муттаҳид шуда истодаанд, вале миёни миллати мо нафароне бо амалҳои худ мехоҳанд ин ваҳдату ягонагиро барҳам зананд. Яъне, ҳар боре, ки миллати тоҷик қомат афрӯхтааст аз пушт ханҷар хӯрдааст. Ҳар боре, ки ба пушти худ нигоҳ кард, чеҳраи ошноро дид. Маҳз ҳамин хиёнатҳо буд, ки тӯли ҳазорсолаҳо миллати тоҷик дар авҷи тараққиёти худ аз дасти «худиҳо» зарба хӯрду зери асорати бегонагон қарор гирифт. Ин матлабро метавон бо ду мисраъи шеърӣ низ баён намуд:
Ҳар куҷо пул, ки задем, маҳву харобаш карданд,
На, ки душман, худиҳо нақш бар обаш карданд.
Он шахсиятҳои намоёни сиёсию фарҳангие, ки баҳри сарҷамъии миллат вориди саҳнаҳои сиёсӣ гаштаанд, бо дасти як тӯда кавдану шағолони ҳасудхӯр зарба хӯрданд. Маҳз ҳамин гуна тӯдаҳои ҳасудхӯру бахил буданд, ки ҳар бор миллати тоҷик дар авҷи тараққиёти худ шикаст хӯрд. Хиёнатҳои пай дар пайи чунин доираҳо боис гардид, ки имрӯз миллати тоҷик фоизи ночизи ҳудудҳои таърихии худро ба мерос гирад. Вале гӯё ин ҳама кам буд, ки имрӯз наслҳои ҳамон хиёнаткорон кори эшонро идома дода истодаанд. Миллати тоҷик пас аз ҳазор соли бедавлатӣ тақдири хешро ба даст гирифт, вале боз гурӯҳи хиёнаткороне вориди майдон шуданд. Боз мисли ниёгони худ мехоҳанд тақдири миллатро бо дасти бегонагон рақам бизананд. Ба мисли солҳои 90 – ум бо шиорҳои “аз хоб бархезед” миёни мардум тафриқа эҷод карда истодаанд. Ҳатто иҷрои ӯҳдадориҳои шаҳрвандиро як навъ “маҷбуркунии давлатӣ” ҳисобида, онҳоро ба бедорӣ даъват менамоянд. Вале шаҳрвандон дар баробари ҳуқуқу озодиҳо назди давлат ӯҳдадориҳои муайян доранд, аз ҷумла хизмат ба Ватан масъулияти аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Вақте аз ҳуқуқу озодиҳо сухан меравад, ҳатман бояд ӯҳдадориҳои онҳоро низ ба назар гирифт. Яъне, иҷрои ӯҳдадориҳо ба ҳеҷ ваҷҳ маҷбуркунӣ набуда, талаботи қонун аст ва иҷрои он ҳатмӣ аст.
Чун миллат бори дигар зери як парчам саф кашидааст, онҳоро мехоҳанд пароканда кунанд ва дар айни замон мавзӯи “хидмати ҳарбӣ” барояшон муфид аст. Иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ноҳияҳои гуногуни кишварро, на масъулияти шаҳрвандӣ, балки “шубҳанок” хонда истодаанд. Ҳанӯзам боварашон намеояд, ки миллат муттаҳид шудааст ва хидмат ба Ватанро низ зери шубҳа қарор дода истодаанд. Чун ниёгони худ ҳамон нафаронеро, ки мехоҳанд барои ин миллат кореро анҷом диҳанд, ҳадаф қарор дода истодаанд. Зеро, бо эҷоди тафриқа миёни эшон аввалин зарабро онҳо мехӯранд. Пас, набояд дигарбора фарзандони содиқу масъулиятноки Ватанро бо дасисаи як мушт хиёнаткорон зери ҳадаф қарор диҳем.
Рустамов Суҳроб,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев