Миллати ман аз азал худ миллати бонанг буд,Чун дилаш саршор пур аз ҳилму аз фарҳанг буд.Сулҳу ваҳдат буд равонаш, бухлу кина дур аз ӯ,Дар ҳаққи ҳамсоягӣ бисёр бофарҳанг буд.Миллати мо, зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Мулки аҷдодӣ Бухоро, махзани фарҳанг буд,Тоҷири шаҳри Самарқанд дар ҳаёву нанг буд.Рӯдакӣ бо шеъри нобаш дар навози чанг буд,Душман аз ин қуввату дармон басе дилтанг буд.Миллати мо, зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Буалӣдар маркази илму адаб номдор буд,Дар давои дарди мардум ӯ басе ҳушёр буд.Бо забони модариаш ҳарфи худ мерос монд,Гарчи ӯро душмани қаттол басе бисёр буд.Миллати мо зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Айнии мо зодаи мулки Бухоро буду ҳаст,Шеъри нобаш бо забони модариаш буду ҳаст.Сад-ҳазорон дар Бухоро зистан бо ифтихор,Пас Бухоро мулки мо, мероси моён буду ҳаст.Миллати мо зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Дар дилам меҳри Бухорои шарифам буду ҳаст,Бойгонии Самарқанди азизам буду ҳаст.Мулку амволи падар ҳатман бимонад бар писар,Ин таманно дар ниҳодам тоҷикона буду ҳаст.Миллати мо зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Ман Бухороро ба ҷону дил харидорам, бидон,Дар Самарқанд тоҷириро орзу дорам, бидон.Бо ҳазорон насли худ гӯям, мероси ман аст,Ин таманно то нафас боқист, ман дорам, бидон.Миллати мо, зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3