Тибқи гузорише, ки ЮНЕСКО ироа кардааст, мардуми Марокаш бештарин аҳамиятро нисбат ба ҳифзи Қуръони Карим дар миёни давлатҳои исломӣ доштаанд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, ЮНЕСКО (Созмони илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид) эълом кард, ки кишвари Марокаш беш аз 1 миллиону 500 ҳазор нафар марду зани ҳофизи Қуръон дорад, ки ин кишварро дар радабандии ҷаҳонии ҳофизони Қуръон дар рутбаи якум қарор медиҳад.
Бар асоси гузориши ЮНЕСКО, теъдоди расмии ҳофизони Қуръони Карим дар Марокаш ҳудуди 1 миллиону 628 ҳазор нафар аст, ки ин кишварро аз кишварҳои дигар монанди Либия, ки як миллион ҳофиз дорад мутамоиз мекунад.
Ин гузориш мегӯяд, ки 68 дарсад аз ҳофизони Қуръони Карим дар Марокаш дар манотиқи рустоӣ ва саҳроӣ ҳастанд ва бештари онҳо мутааллиқ ба минтақаҳое мебошанд, ки забони модарии онҳо Амазигӣ номида мешавад.
ЮНЕСКО ҳамчунин хотирнишон кард, ки теъдоди марокизи ҳифзи Қуръони Карим дар Марокаш беш аз 30 ҳазор марказ аст, ки нишондиҳандаи зерсохтҳои густурда барои омӯзиш ва ҳифзи Қуръони Карим аст. Аз ин марокиз, 21 дарсад дар минтақаи Сус ва 20 дарсад дар минтақаи Марокаш-Асфӣ қарор доранд. https://tajikpress.com/2024/07/03/%d1%8e%d0%bd%d0%b5%d1%81%d0%ba%d0%be-%d0%b0%d0%b7-%d0%b0%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%b8%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%ba%d0%b0%d1%88%d0%b8%d2%b3%d0%be-%d0%b1%d0%b0-%d2%9b%d1%83%d1%80%d1%8a/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев