На аз шеъру паланг, аз ин ҳама рӯбоҳ метарсам.
Маро дар ҷанги рӯй дар рӯй дар майдон ҳаросе нест,
Вале аз дӯстони оби зери коҳ метарсам.
Ман аз сад душмани донои ломазҳам, наметарсам,
Вале аз зоҳиди беақли ноогоҳ метарсам.
Паи гумгаштаам дар чоҳи нодонӣ намегардам,
Усулан ман намедонам чаро аз чоҳ метарсам.
Агарчӣ роҳ душвор асту мақсад нопадид аммо,
На аз сахтии роҳ аз сустии ҳамроҳ метарсам.
Ман аз таҳдидҳои зимнии золим наметарсам,
Ман аз нафрини як мазлум, аз як оҳ метарсам.
Ман аз аммомаву тасбеҳу тоҷу маснади шоҳӣ,
Агар афтад ба дасти одами худхоҳ метарсам.
Наметарсам зи даргоҳи Худои меҳрабон аммо,
Зи баъзи аз тарафдорони ин даргоҳ метарсам.
Худои ман намедонам чаро аз ту наметарсам,
Вале аз ин бародарҳои Ҳизбуллоҳ метарсам.
Чу кейванд бар мадори хеш мегардам гаҳ гоҳе.
Вале аз санги шаҳоби аблаҳи гумроҳ метарсам.
/ Хонум Симин Беҳбаҳонӣ/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев