Ҳамнажоди Коваю Ҷамшеду ҳам Сосониям.
Тоҷикам аз мулки Аҳамадшоҳи Масъуди далер...
Аз Хуросони бузургу Помиру Хатлониям.
Тоҷикам оре, забонам санъати меҳрофарист....
Порсӣ гӯям сухан,ман Суғдиям, Рушониям....
Тоҷикам, ҷисмам зи ҷинси куҳсори Помир аст....
Аз ниёгони тамаддунофари майдониям?
Тоҷикам, аз Балху аз Шерозу аз Суғди азиз.
Ҳамдиёри Рӯдакиву Ҳофизу Хоқониям.
Тоҷикам тахтам Самарқанду Бухорову Хуҷанд...
Аз Душанбеям нигар, Эрониям Афғониям.
Тоҷикам оре, зи Панҷшери бузургам бингаред.
Аз Самарқанди чу қанду Ворухам медониям.
Тоҷикам монанди Синову ҳамон Салмони Форс.
Чун Ҳадиси Ал Бухорӣ дам ба дам мехониям.
(Дар акс Амир Насри II - Амири сулолаи Сомониён дар пазманзари Бухорои Шариф!)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев