То хонаи ман масофаи бисёр аст.
Расмам бо ду чашми чор дар девор аст.
Аз руйи ман оинаи ман сер нашуд,
Оинаи ман мунтазири дидор аст.
Дар хонаи ман ҷилди китобам монда,
Як пар қалами пари уқобам монда,
Ман болини ҳамсарӣ надидам умре,
Дар болини ман ҷилди китобам монда.
На боғи падар монду на он беди қатор,
Аз беди қатор монда калбеди қатор.
Он беди қатор чуби гаҳвора нашуд.
Ё чуби аловӣ шуд, ва ё чуби мазор.
Ҳарҷо ки намеравам дилам волаи туст,
Дар боғи дилам шукуфтани лолаи туст.
Қишлоқаки ман пушти маро кас нагирифт.
Дар пушти сарам чанори садсолаи туст.
Қишлоқаки кудакӣ хасу хори ту бас,
Як лаҳза маро такя ба девори ту бас.
Дар маҳфили маҳтобиву чирчираку маҳ,
Чаҳ-чаҳ задани барги сафеддори ту бас.
устод Бозор Собир!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев