Предыдущая публикация
Эй писар бархезу дав, ки Модари зорат гузашт .
Модари дилсӯзу беозору ғамхорат гузашт.
Ту дар ин шаҳри ғарибӣ бехабар танҳову зор.
Модари дар ёди ту бар ғам гирифторат гузашт.
Ту намедони вале ӯ охирон бемор шуд.
Модари бечораву аз дард беморат гузашт.
Аз саҳар то шом паси дар интизорат менишаст.
Модари дар интизор истода ночорат гузашт.
Доимо аз ту ба мо мегуфту механдид ӯ.
Модари хуш чақ чақу беҳад хоксорат гузашт.
Гоҳ гоҳ аз ҳавлии мо об мебурд бо сатил.
Модари озодаву ҳам тозакирдорат гузашт.
Зиндагӣ талх асту ширин сабр мебояд кунӣ.
Модари пурсабри ту бин ки чӣ миқдорат гузашт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев