Предыдущая публикация
Нолаи булбул шунидам рози ту омад ба ёд,
Даст бурдам бар рубобам сози ту омад ба ёд.
Ҷойнамози ишқ кушода саҷда бар ёдат кунам,
Сураи Ихлёс ба ҷои поси ту омад ба ёд.
Мекшудам ғунчавор гар кас диҳад пайғомае,
Дар зимистон дастаҳои рози ту омад ба ёд.
Васфи ҳар ошиқ бихондам, аз ҳазору як шабе,
Нақшаат комилтар аз анбози ту омад ба ёд.
Чӣ Самарқандигарӣ бо ин Бухорӣ кардаӣ?
Бар сари гӯши дилам овози ту омад ба ёд.
Мешудӣ аз ман канортар, сӯи омадҳот равон,
Хайрбодӣ кардану парвози ту омад ба ёд.
Бин ки ишқи дерини мо ҳалқаи дил зад гурехт,
Шукри толеъи манӣ, ғамсози ту омад ба ёд.
Шоира Ҳадияи Бухороӣ
#бухоро #самарканд #шеър #точикистон #узбекистан
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3