Предыдущая публикация
БУХОРОЯМ
Зи бас додӣ шарифонро ба олам,
Шарифи аз барои ҷумла одам.
Бибўсам хоки ту, бар дида молам,
Бухороям, чаро бо ту наболам?
Зи ҳар як заррахокат бўи ҷоне,
Зи ҳар як санги ту нақши ҷаҳоне.
Сифотат бишнавам аз ҳар даҳоне,
Чу Каъба саҷдагоҳи бандагонӣ.
Ту амсоли китоби бебаёнӣ,
Вале дар қисмати халқат аёнӣ.
Ҷаҳон сад гирд гардонду ҳамонӣ
Қадамгоҳи бузургони ҷаҳонӣ.
Ба хокат по ниҳам бо номи Яздон,
Ки бошам покдил, покизавиҷдон.
Ниҳам сар бар тавофи ту,диҳам ҷон,
Шавам хоки қудуми саҷдаорон
Шоира Ҳадяи Бухороӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2