Аз мулки ғарибӣ даст шуед, додо,
Гулҳои умеди худ бибуед, додо.
Дишаб зани ҳамсоя маро гуфт: «Сағир!»
Маънои сағира чист? Гӯед , додо!
Мо зинда, Шумо зиндаҷудоед , додо,
Аз аспи ғурури худ фуроед, додо.
Ду духтару ду писар дуомон ин аст:
Аз хонаи он занак буроед, додо!
Додо, додо, чаро китобам нахаред?
Ман ташна шудам қатраи обам нахаред?
Як бор сари сахти маро сила кунед,
Ман гушна наям нуқлу кабобам нахаред!
Офтоб, агар машъала афрузад чӣ?
Маҳтоб ба ман дида, агар дузад чӣ?
Ман меҳру муҳаббати Шуморо хоҳам,
Додо, дилатон ба ман намесузад чӣ?
Пойпуши ягонаам даридаст, додо,
Ҳуш аз сари сахти ман паридаст, додо.
Пойҳои кафидаам чунон хуншоранд,
Ин ҳоли маро саге надидаст, додо!
Додо, додо, Шумо куҷоед, додо?
Ҳасрат ба дилам чаро наоед, додо?
Ҳамсоя барои духтараш курта харид,
Аз баҳри Худо, чи камнамоед, додо?!
Дар пеш зимистон хунук аст, додо,
Пероҳани хоҳарам тунук аст, додо.
Додарчаам имсол ба мактаб наравад,
Мӯҳтоҷ ба костюму бурук аст, додо.
Додо, додо, Шумо маро мешунавед?
Дарди дили бемори маро мешунавед?
Ман гилаи бисёр надорам, додо,
Ин гиряи афгори маро мешунавед?!
Шабҳои дароз модарам мегиряд,
Аз гиряи шури додарам мегиряд.
Бовар дорад, ки мебиеед як руз,
Ин хоҳари хушбоварам мегиряд.
Додо, додо аз Кимие панҷ ҳаст,
Аз фанни забони уруси ранҷам ҳаст.
Ҳарчанд либоси варзиши нест маро,
Як дафтари хотироти пурганҷам ҳаст.
Додо, дина дуто шоколад овардам!
Пулдор шудам, рафта салат овардам!
Азбаски барои хоҳарам куртка набуд,
Аз хонаи як занак халат овардам!
Аз шодии хоҳарам чунон шод шудем!
Як лаҳза зи банди гиря озод шудем!
Ин жандахалат, ки бегиребон будаст,
Аз нолаи хоҳарам ба фарёд шудем.
Додо, додо, сари ману пои Шумо,
Як бор биёед, холи аст ҷои Шумо.
Як шаҳраки хурду мо чудоем зи ҳам,
Додо, додо, войи ману войи Шумо!
Додо, додо, зани ҷавон бигрифтед,
Зан қаҳт задаст, ки аламон бигрифтед?
Аз номи хуши Шумо чи мондаст, дигар,
Ин лаҳза, ки номи занкалон бигрифтед?
Додо, додо, зи роҳатон баргардед!
Аз пеши зани худхоҳатон баргардед!
То умр бувад интизорем, додо
Бар манзилу бар даргоҳатон баргардед!
Дар хонаи мо сурати додом ҳастааст,
Дар ҷои баланду як ваҷаб чанг бастаст.
Хар гаҳ, ки бубинем очаам мегуяд:
Аз чанги зани худхоҳи додот растаст.
Хар лаҳза, ки ман нафас барорам, додо!
Аз кунҷи дилам ҳавас барорам, додо!
Ҳар чи кунам намебиеед, охир
Орзую умед абас барорам, додо?
Додо, додо, алам кашидам, додо!
Аз ашки зиед нам кашидам, додо!
Нодида ҷавони пир шудам! Мефаҳмед?!
Аз зиндаҷудои ғам кашидам, додо!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1