Предыдущая публикация
«Мар киро бошад чунин ҳалвои хуб?»
Кирми саргин дар миёни он ҳадас,
Дар ҷаҳон нуқле надорад ҷуз хабас.
___________________ Мавлоно
Кирме, ки дар миёни чӯб зиндагӣ мекунад, бо худ мегӯяд, ки ҷуз ман чи касеро чунин ҳалвои лазиз насиб гаштааст?
Ва кирме, ки дар миёни мадфӯъ зиндагӣ мекунад, ҳеҷ шириниеро ба ҷуз аз он мадфӯъ намешиносад.
❗️Баъзеҳо чунон асири афкор ва муҳити бастаи зиндагии худ ҳастанд, ки ҳаргиз бовар намекунанд дунё метавонад васеътар ва зеботар аз он чизе бошад, ки дар андешаи онҳо ва муҳити зиндагиашон шакл гирифтааст.
#маснавӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев